БЕШАРАФӢ КОНИ МАРИЗИСТ.

Ёвон: Вокуниш  

Бешараф ва ё “идеал” –и имрӯзаи ман аввал “ҳеҷ кас нест”, сипас баҷуз “наҳзатиҳои бадбахт”,  ки яке аз онҳо Маҳмадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз вазъи сиёсии Тоҷикистон барояш фурсате даст додааст, ки сару садоҳои нолозимашоро дар муҳити ба худаш ошно пахш созад. Ин ҳам бошад хусуматҳои шахсияш ба давлату миллати Тоҷикистон.

Имрӯз бо истифода аз минбарҳои танги хеш дар сомонаҳои иҷтимоии фасоди худ ба сухан даромадаанду ба андешаи пучи худашон ҳамон пистаеро мемонад, ки лаб во кардаасту расво шудааст.

Расвошудаи кӯчаи одамият  Маҳмадиқболи Садриддин. Имрӯзҳо аз субҳ то шом заҳмат мекашад, меҳнат мекунаду эҳод месозад, дуруғеро бо дурӯғе ва фитнаеро бо иғвое ҳамоҳанг сохта, тавассути сомонаи шахсияш ба нашр мерасонад.

Яке дар алами сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, яке дар алами маҳбусу маҳбасбозон, яке дар бораи мансабдорону мансаббозон, яке дар бораи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меноладу менолад.

Аз нолишҳою нолаҳояш бӯйи ғарибӣ, мискинӣ, кулоҳбардорӣ, фармонадоӣ ва белохира “бешарафӣ” меояд, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин дар он тарафи дунёву Тоҷикистони ман дар ин дунё. Пас ин ҳама сафсатаҳо барои чӣ ва барои кӣ?

Ин ҳама мисли оина равшану ошкорост, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин яке ҷузъи гурӯҳи терористию экстримистии ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ аст, ки ҳанӯз дар сини дувоздаҳ солагияш аз ҷониби падари худ тавассути мулоҳои чаласаводу қумандонҳои давлати Афғонистон (бачабозҳо) бешараф гардида, имрӯз дар хориҷа паноҳ мебаранду қасди бадбахтиҳои худро аз дигарон гирифтан мехоҳад. Дар имону имондорӣ соатҳо мавиза мекунаду худ дар вуҷудаш имон надорад.

Пас месазад бигуем, ки Маҳмадиқболи Садриддин “ватандор” ва ё “ватандӯст” аст, зеро ки сухан дар бораи ватан ва ватандорӣ мегӯяд ва ё барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ амал мекунад. Ҳеҷ вақт не!!! Ӯ аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ мебошад ва амалу рафтораш барои бинандаву шунаванда ошносту ошно.

Бояд ёдовар шавем, ки замоне ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо” гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст.

Хулоса имрўз дар ҳақиқат Тоҷикистони мо як давлати мардумсолор ва ҳуқуқмеҳвар аст, чун мардуми тамаддунофараш дар тинҷиву амонӣ, сулҳи ҷовидона зери Парчами адолат ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебаранд ва аминам ки дигар ҳадафи ҳеҷ хоини миллат ин миллатро перешон намесозад.

 

                   Ҳамраҳат халқи бузургам қарни дигар мераванд,

                   Қатъию бо боварӣ ҳамчун самандар мераванд.

Поянда бод Тоҷикистон бо Пешвои милати сулҳофару инсонпарвари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон