СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани яке аз ташабусҳои ҳизбӣ вобаста ба сохтмони иншооти гигиенӣ  бо усули дренажӣ дар ҳудуди ноҳия, ин ташабуси ҳизбӣ ҳамовозии зиёд пайдо намуда,  сохтмони ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ бо усули дренажӣ бо маром идома дорад. Ин навбат дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии  мактаби варзишии ноҳия ду адад ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ сохта шудааст, ки аъзои ташкилоти мазкур ва варзишгарон аз он истифода мебаранд.