БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру таронаҳои таранумгари Ватан, Парчами миллӣ баргузор гардид. Дар воқеъ агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат, дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият буданаш, дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Қадршиносӣ аз Парчами двлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ фардои халқ аст. Он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.