БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ...

Ёвон: Андеша  

Дар асри XX, дар баробари парчами давлати Советӣ, парчами Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод.

Пошхӯрии давлати Советӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами миллии худро қабул кунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳанги хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд, моҳи ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар толори ин қасри сулҳовар ҷилва намуд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа иқдом намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низоъҳо ва даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд. Рангҳои сурху сафеду сабз чун бахту толеи тоҷикон ҷилои тоза гирифта, роҳамонро ба сӯйи ваҳдати миллӣ равшан сохтанд.

Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат, дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият буданаш, дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Қадршиносӣ аз Парчами двлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ фардои халқ аст. Он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Ба қавли Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне, хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯйиро дорад».

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона гувоҳӣ медиҳад. Парчами давлатии кишвари мо шараф, ифтихор ва нангу номуси миллат, сари баланду амалӣ гардидани орзуҳои мо, тоҷикистониён аст.

Парчами давлатии мо мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангӣ буда, давлати миллии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозад, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос мекунад ва моро ба сӯи нусрату пирӯзиҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.

Бо чунин орзуҳои нек ба шумо ва ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям. Бигзор, меҳру муҳаббат ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, беш аз пеш афзун гардад. Бигзор, парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик то абад парафшон бошад!

Ҷашни Парчами миллӣ муборак!

Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон