ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Ёвон: Андеша  

Парчам дар замонҳои қадим воситаи шинохти худию бегона, рамзи ифтихори гурӯҳӣ буд. Имрӯз Парчам яке аз муқаддасоти давлат аст. Давлатҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои тиҷорӣ ва ҳатто забонҳо (эсперанто) парчамҳои худро доранд. Хусусан, истифодаи парчам дар ширкатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, баҳрнавардӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, парчамҳо миллӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷорӣ мешаванд. Ташкилот ва ҷамъиятҳои байналхалқӣ низ дорои парчаманд, чун Иттиҳоди Аврупо, СММ, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва ғайра.

Имрӯз парчами давлатии 209 давлат маълум аст, ки акси онҳоро дар саҳифаҳои интернетӣ метавон пайдо кард. Парчамҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар парчамҳо таърихи давлату миллат, дар нақшҳои онҳо ба урфу одат, махсусият, ифтихори миллӣ ишора шудааст.

Моҳи ноябри соли 2009 ба тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоламон боз як санаи дигари барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас илова гардид. Имрӯз дар раванди дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар 23 сол мешавад, ки Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Тоҷикистон чун давлати мустақил Президент, Конститутсия ва рамзҳои давлатии худро дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ муқаддасоти давлат мегӯянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун саромади посдорандагони муқаддасоти миллии тоҷикон борҳо таъкид намудаанд, ки “Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст”.

Муқаддас чист? Ҳар кас ва ҳар чизе, ки олӣ, азиз, пок, гиромӣ, наҷиб, беолоиш, орӣ аз ҳар гуна нуқсу камбудиҳост, муқаддас аст. Муқаддасоти давлат пеш аз ҳама шаъну шараф, ифтихор, нуфуз, обрӯ ва эътибори давлат, халқу Ватан аст. Ҳар давлати соҳибистиқлол муқаддасоти худро дорад.

Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, Ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

Дар аҳди бостон шоҳону лашкаркашон ҳангоми набард бо душман зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар ба шумор мерафт.

Саёҳат Абдуллозода- муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон