РОҲСОЗӢ ДАР ДЕҲАИ КАЛФИ САБАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси навбатии  мардуми деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  таъмиру азнавсозии роҳи   деҳаи мазкур аст, ки санаи 21 ноябри соли равон мардуми деҳа бо як дилгармӣ ва дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳи даромадгоҳи деҳаро дар масофаи  зиёда аз 1 киллометр битонпӯш намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳаи Калфи Сабад иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. Мардуми деҳаи Калфи Сабад ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, дарвозаи замонавии деҳа ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Калфи Сабад идома дорад.