ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДОИ "ВАТАН" ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон  раиси муҳтарами вилоят Давлаталӣ Саид  маркази савдаи "Ватан" -ро ифтитоҳ намуданд.  Маркази савдои "Ватан"  бо ташаббуси соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон Қоризода Мухторхуҷа  бунёд гардида, имрӯз макони хизматрасонии аҳолии ноҳия гардидааст. дар маркази савдои мазкур маҳсулотҳои тару тоза ва ниёзи аввалияи мардум бо сифати баланд ва нархҳои дастрас   пешниҳоди ҳамагон гардонида шудааст. 

Зимни боздиди корӣ Раиси вилояти Хатлон ба сифати кори соҳибкор баҳои баланд дода, иншооти мазкурро туҳфаи ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баҳогузорӣ намуда, таъкид намуданд, ки  мунтазам нарху наворро  ба танзим дароварда, маҳсулотҳои босифатро мазкури харидорон гардонад.