БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “РУҚИЯ”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

18 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз хоҷагии деҳқонии “Руқия” диданд карданд.

Хоҷагии мазкур аз замин самаранок истифода бурда, аз ҳар як ваҷаби он ҳосил ба даст меоварад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 20 га замин буда, дар қисме пахта ва қисмати дигар маҳсулоти ғалладонагӣ мекорад. Хоҷагӣ аллакай нақшаи пахтаро 100 фоиз иҷро кардааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10 162 гектар пунбадона кишт намуда, бо истеҳсол намудани зиёда аз 23822 тонна пахта нақшаи дурнаморо 100 фоиз иҷро кардаанд.

Раиси вилоят бо хоҷагидор ва деҳқонон суҳбат намуда, аз фаъолияти хоҷагӣ огоҳ гардиданд.

Инчунин ба пахтачинони фаъол туҳфаҳои раиси вилоят супорида шуд.