БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ СОХТМОНИ МАКТАБ БАРОИ 640 ХОНАНДА ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи 18 ноябр сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Роҳбари вилоят нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69, ки дар деҳаи Тағойободи ҷамоати дҳоти деҳоти Обшорон воқеъ аст, огоҳ гардид.

Сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи сохтмониаш бо тарҳи нави замонавӣ барои 640 нафар хонанда дар ду баст аз ҳисоби буҷаи ноҳия ва саҳми маҳал ҷамъ бо маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 16 синфхона, хонаи омӯзгорон, утоқи кории директор, майдончаи варзишии замонавӣ иборат мебошад. Айни замон дар ошёнаи якум корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар ошиёнаи дуюм корҳо бомаром идома дорад.

Дар охир раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ тезонда шавад ва дар амалӣ шудани иқдомоти мазкур қабл аз ҳама роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд.