ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АБАРМАРДИ ДУНЁИ СИЁСАТ

Ёвон: Андеша  

Моҳи декабри соли 2015 ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст.

Дар яке аз ҳикматҳои юнон омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки  ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафарест, ки некўаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ў абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».

Дар ҳақиқат бо хости Худованд ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Академик В.О.Ключевский гуфтаст, ки «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ў тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад ».

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки  ҷонисориҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Арастуи бузург мегўяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақиқат мегўянд, ки агар шаҳомати кўҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, боғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрўзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ў ватандўстаст, далериву ҷасури дорад…

Абдуллозода Саёҳат-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон