БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР МЕКУНАМ!

Ёвон: Андеша  

Санаи 16 ноябри соли 1992 дар саҳифаи таърихи кишвари соҳибистиқлол бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи тозае сабт гардид, ки имрӯз аз ин санаи фархундаву таърихӣ 29 сол сипарӣ мегардад. Маҳз ҳамин раиси Шӯрои тозаинтихоби тоҷикон дар нахуст суханрониҳои хеш сулҳро барои миллати ҷангзадаи тоҷик ваъда намуд ва имрӯз ҳамчун як фидоии миллат сулҳро дар кишвари Тоҷикистон арзонӣ намуд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ нахустҷоизаи олӣ – медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо» дар байни сарони кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил насиби Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллати мардуми  Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки ин шаҳодат аз нерўи азими сиёсатмадорӣ, истеъдоди нодири сулҳоварӣ буд ва арҷгузории дунёи мутамаддин ба як нафар сиёсатмадори  мушкилнописанд, кафили фардои мусаффо ва қосиди  сулҳи босубот гардид.

Имрўз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омўзиш қарор гирифтааст.

Хушбахтона бо шарофати ба даст овардани Иҷлосияи тақдирсоз дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрӯз дар кишвари мо  кор бо ҷавонон, баланд бардоштани маърифати  сиёсии онҳо, кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти  иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои  муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи  тарбияи насли наврас яке аз мавзӯҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он  пешрафти тамоми соҳаҳои  ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Тарбияи насли наврас раванди бетанаффус ва доимӣ мебошад ва  дар тарбияи ҷавонон тамоми ҷомеа вазифадору масъул аст.

Мо ҷавонони ноҳияи Ёвон бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди  хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи  созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун як узви  фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор  медонем, ки баҳри  истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи  сиёсати  пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорем.

Бошад, ки мо ҷавонони тоҷик ва Тоҷикистони имрўз як маром ва як мақсад дошта бошем. Мақсади пойдории сулҳу суббот ва ободии Тоҷикистон ба қадри он дастовардҳое, ки  бо заҳмату талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст оварда шудаанд, бирасем ва  кўшиш намоем, ки  бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони маҳбубамонро нумўъ ва шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.

Зиндаву ҷовид бод  он ном ва корнамоии  фарзанди асили миллати тоҷик, абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ  Раҳмон.

                 

Мақсуд  Амирзода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон