БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашнҳои таърихӣ- Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳама гушаву канори ноҳия  корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Чунин як ташаббуси созандагӣ  дар  деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх баргузор гардид. Мардуми сарбаланду ободкори ин деҳа пайрави аз сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар даромадгоҳи деҳа номи деҳаро ҳамчун рамзи маҳалдорию ватандорӣ насб намуда, дар шафати даромадгоҳи деҳа Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр ва Расми Қаҳрамонҳои миллатро насб намудаанд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул дар ҳашари  мазкур иштирок намуда, ба корҳои ободкоронаи мардуми деҳа баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро давоми ғамхориҳои бемисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.