БУНЁДИ 7-СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ № 33

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 бо саҳми маҳал ва дастгириҳои ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 7-синфхонаҳои иловагӣ бо тарҳи замонавӣ ва муосир бунёд гардида истодааст. Зимни боздид аз муассисаи мазкур ҳизбиён ба корҳои созандагӣ баҳои баланд доданд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми ноҳияи Ёвон ҳамчун мардуми ватандӯсту меҳнатқарин ҷавобан ба дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ояндасози миллат ва роҳандозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал саҳми арзанда мегузоранд.