СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 10

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чунин як соати сиёсӣ дар мавзуъи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и  ноҳияи Ёвон баргузор гардид. Соати сиёсиро номзади илмҳои сиёсӣ Собиров Сафар баргузор намуда, бо хонандагон атрофи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста арзёбӣ кард.

Коллективи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва хонандагони муассиса аз соати дарсӣ ва равиши он хушнудӣ намуда, онро ҳамчун як соати намунавӣ ва дар фазои озод муҳим донистанд.