ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РИСОЛАТИ СУЛҲОФАРӢ ДОРАНД.

Ёвон: Андеша  

Воқеан, таҳти роҳбарии он кас назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ҳозирини гиромӣ! Хизмати бебаҳои Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Чунончи, ректори донишгоҳи сулҳи СММ Мартин Лиз, зикр намудааст: «Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад». Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кутоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада дар ҷодаи сулҳофарӣ бозёфти нодир аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳофариро ҷавонмардона ба даст гирифт».

Узви парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тиропи ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки  “Дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд”.

Раҳмонзода  Муҳаммад-мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон