ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН

Ёвон: Андеша  

Пешвои миллат кори давлатдориро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карданд. Ба вуҷуди ҳама мушкилот, соли 1999 дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии тоҷикон буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. Корнамоии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи собиқ президенти ИМА Франклин Делано Рузвелт ва сарвазири Англия Уинстон Черчилл, Сарвари собиқи СССР Иосиф Сталин гузоштан мумкин аст, ки оламро аз бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ раҳонида, аз хатари таҷовузи Германияи фашистӣ наҷот доданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар назди Давлати навини миллии мо меистод, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Дар ин масъала Пешвои муаззами мо давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд.

Мирзоев Эраҷ-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кардҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон