БУНЁДИ ПУЛИ МАҲАЛЛА, ТАШАББУСИ ДИГАРИ СОКИНОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар тамоми гушаву канори ноҳияи Ёвон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Президент корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Ташаббуси навбатии мардуми деҳаи Чироғчии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов таъмиру барқарорсозии пули миёни деҳаи мазкур аст, ки солиёни зиёд деҳаи мазкурро бо дигар деҳаҳои гирду атроф мепайваст. Ҳафтаи гузашта мардуми деҳа бо як дилгармӣ ва дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ пули деҳаро дар масофаи 300 метр таъмиру барқарор намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳаи Чироғчӣ иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. Мардуми деҳаи Чироғчӣ ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дорад.