СОАТИ СИЁСИ ЧИСТ?

Ёвон: Андеша  

Соати сиёсӣ соате мебошад, ки дар муддати як соати муайян вобаста ба мавзуҳои гуногуне, ки аҳамияти сиёсию таърихӣ дорад, амалӣ карда мешавад. Дар соати сиёсӣ гурӯҳи муайяни одамон, аз ҷумла хонандагон, донишҷӯён, нафарони касбу кори гуногун иштирок намуда, барои онҳо аз ҷониби шахсиятҳои дорои маълумоти сиёсӣ, муҳаққиқон, ҷомеашиносон ва дигар нафаран дар муддати соати муайян шуда, вобаста ба мавзуҳои муайян суҳбат менамоянд. Боиси ёдоварист, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати маорифи вилоят дар мувофиқа бо Вазири маориф ва илм инчунин, Муовини якуми Раиси ҲХДТ Нақшаи Амалиёти муштарак оид ба низоми таълиму тарбия дар масссисаҳои ҳудуди вилояти Хатлон ба роҳ монда шуда, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят ба роҳ монда мешавад. Ташабусси нави ҳизбӣ барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон, бедор намудани зиракии сиёсӣ дар байни ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшави ба гуруҳҳои ифротгаро, паст кардани сатҳи ҷинояткори дар байни ҷавонону ноболиғон мусоидат менамояд. Зеро, ки мавзуҳое, ки дар ин соатҳои сиёсӣ ба роҳ монда мешавад, ки  дар руҳияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим мебозад аз ҷумла, Асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти идеологӣ, идеология, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор.

Итминон ва боварии комил дорам, ки ҳар ҷавоне, ки дар соатҳои  сиёсии мазкур иштирок намуда, аз суҳбати омӯзгоре, ки соати сиёсиро пеш мебарад, ба худ як ғизои маънавӣ гирифта ба ҳамсолони худ онро фаҳмонида, барои бедор намудани мафкураи сиёсии ҷавонони дигар саҳми худро мегузорад.

Инчунин, метавон гуфт, ки ин ташабусси ҳизбӣ метавонад барои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми намоён гузошта, барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои ифротгароӣ такони ҷиддие мебошад.

 

Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон