ТАЪСИСИ УТОҚИ РАИСИ МАҲАЛЛА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯз дар ноҳияи Ёвон, хоса миёни ҳизбиёну раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳамаромии зиёд пайдо намуда, аъзоёну ҷонибдорони сарбаланди ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бо дастгирии соҳибкорону шахсони эҳсонкор, саҳми маҳал ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ гушае аз диёрро обод намуда истодаанд. Чанде қабл бо дастгирӣ ва ташаббускории раиси ташкилоти ибтидоии Наврӯз-1, деҳаи калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо саҳми ҷавонони эҳсонкори маҳалла утоқи кории раиси маҳалла ифтитоҳ карда шуд. Дар ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва  Раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул иштирок намуда, туҳфаи мазкурро ба бошандагони маҳалла шодбош ва туҳфаи нек арзёбӣ намуданд.