ЯТИМОН ДОИМО ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи Иди саиди фитр узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон  Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар ҳамраҳӣ бо Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зеваршо Зеваршоев – Муовини вазири кишоварзӣ, Фирӯза Шарифӣ – муовини раиси вилояти Хатлон, Сафарзода Ғазалшо – сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар масъулини соҳа ба таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия кумакҳои моддӣ расониданд. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим аз сарулибоси мактабӣ, либосҳои варзишӣ, пойафзол иборат буда,  ҳамчунин, барои бошандагони муассиса маводҳои хӯрока ва дастурхони идона оростанд.