ВАТАНДӮСТӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чунин як соати сиёсӣ дар мавзуъи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и  ноҳияи Ёвон баргузор гардид. Соати сиёсиро собиқ раиси ноҳияи Ёвон Қодиров Раҷабалӣ баргузор намуда, бо хонандагон атрофитарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста аст.

Коллективи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва хонандагони муассиса аз соати дарсӣ ва равиши он хушнудӣ намуда, онро ҳамчун як соати намунавӣ ва дар фазои озод арзёбӣ намуданд.