БА ҚАДРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ БОЯД РАСИД

Ёвон: Вокуниш  

Агар насли ҷавон худогоҳ ва зираку ҳушёр набошад, дар ҷаҳони имрӯзаи пур аз мухолифатҳо ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ мушкил мегардад. Мо бояд хуб дар ёд дошта бошем, ки бесарусомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ватани маҳбубамон натиҷаи ғафлатзадагии як зумра донотарошон буд.

Ҳамватанони азиз, огоҳ бошед, ки онҳое, ки ҳамчун навкарони содиқи хоҷагони салтанатҷўи худ имрўз шахсони камтаҷрибаро бо ҳаргуна фиребу найранг ба доми фиреб мекашанд, фикри ояндаи моро надоранд. Онҳо бо ақидаҳои пучу бемағзи худ мехоҳанд худро «мусулмонони ҳақиқӣ», «надимони ислом» ва “ватандорони асил” вонамуд карда, бо ҳиллаву найрангҳои пасипардагии худ дар байни миллат ҷудоӣ андозанд. Мақсади ғаразноки онҳо дар асли худ ягон заррае ба ислом ва ободии Ватан робита надорад.

Имрӯз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишварҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва ватану давлат арзиш доранд, сабақи бузургест.

Оё мо имрӯз аз неъматҳои худододӣ сулҳу амният бархӯрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда, аз неъматҳои Офаридгор рӯ метобем.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо мешавад. Пешоҳангони гурўҳҳои ифротию террористӣ зери ниқоби дини мубини ислом панаҳ бурда, ҳизбу ҳаракатҳои зиёдеро созмон додаанд. Мо бояд бо чашми ақл бубинем, ки он бунёдкунандагони хилофати ба ном исломӣ дар мамолики исломии Шарқ аз зудбоварии насли ҷавон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро барҳам зананд.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштаанду, армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз мо, ҳизбиёни ноҳияи Ёвонро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони кишвар дар атрофи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои рушду ободии сарзамини биҳиштосоямон бештар аз аз ҳар вақти дигар саъю талош варзем. Мо дар ҳамбастагӣ нерўи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд.     

Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин миллату давлатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватани азиз- Тоҷикистони соҳибистиқлоли мову шумост. Поянда бод нерӯи шикастнопазири ҳизбиёни ватандӯсти Тоҷикистон!

Абдуллозода Саёҳат-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон