ДАР АМНИЯТИ ДАВЛАТ ҲАМАГОН МАСЪУЛЕМ

Ёвон: Вокуниш  

Боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯз аз ҷониби ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар бо дастуру ҳидоятҳои хоҷагони ба онҳо маълум амалҳои носавобу бехирадона сар зада истодаанд. Дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида мекунем, ки ақидаҳои иғвогаронаи бо ном пуштибонҳои миллат ба зеҳни як идда мардуми мо, алалхусус ҷавонон сироят карда, ақида ва равиши онҳоро нисбат ба дин, мазҳаб, миллат ва Ватан тағйир дода истодааст. Вақте мебинем, ки наҳзатиён ва саркардагони оташи ҷанги шаҳрвандӣ дастовард ва пешравиҳои кишвари моро нисбат ба ин арзишҳои муқаддас беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд, мо бояд хомўшу бетараф набошем.

Таърих собит намудааст, ки аҷдоди гузаштаи мо дар асоси ақидаи солим, маорифпарварона ва инсондӯстонаи худ дар зеҳни мардуми олам ақидаҳои таҳаммулгароёна ва тараққихоҳонаро тавсия ва такмил додааст. Аз ин лиҳоз, ба намояндагони миллате, ки бо маърифати ирсии худ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва фарҳангӣ асос гузоштаанд, ба доми фиреби миллатситезону қудратталабон афтодану тақдири ояндаи миллатро зери хатар мондан шоиста нест.

Пўшида нест, ки миллати тоҷик дар давоми асрҳо бо пешниҳоди ақидаҳои таҳаммулгароёнаи худ қаламрави дини мубини исломро васеътар намудааст. Аз ин рў, мо ҷавононро зарур аст, ки рисолати таърихӣ ва инсонии миллати номдори худро идома дода, барои аз байн бурдани андешаҳои зиддиинсонӣ ва зиддидинӣ саъю талош намоем.

Раҳмонзода Муҳаммад-мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон