АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО: "ОИДИ АРЗИШИ МИЛЛӢ"

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва иқдоми раиси ташкилоти Ғаюр-1 -и Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон Субҳиддин Иззатов рӯзи 7 октябри соли 2023 шоири маъруф ва маҳбуб, сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ, муҳаққиқ, коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афғонистони муосир дар сатҳи байналмилалӣ, мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Абдуллоҳи Раҳнамо ба ноҳияи Ёвон даъват шуда, бо ҷомеаи омӯзгорон ва донишҷӯёни ин даргоҳи илму ҳунар як суҳбати пурмазмун ва хотирмоне доир карданд.

Ин суҳбати устод (чун ҳама суҳбатҳои эшон дар дигар ҷою маконҳо) бисёр хотирмон ва омӯзанда буд ва устодону шогирдони Коллеҷ аз он ҷаҳон-ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд. Хусусан, бардоштҳои донишҷӯён бисёр хушҳолкунанда буд ва агар онҳоро бо чанд ҷумла ҷамъбаст карда бигӯем, ҳосилаш ин аст:

Устод Абдуллоҳи Раҳнамо мактаби бузурги худшиносӣ ва ватандӯстӣ, муҷассамаи зиндаи як фарди худогоҳ, ватандӯст ва фидоии миллат, як китоби саропо панду андарз ва саршор аз ғояҳои худшиносию ватанпарварӣ, як шамъи фурӯзоне ҳастанд, ки бо ҳикмату андешаи созандаи хеш халои тафаккури миллиро пурра мекунанд ва тамомият мебахшанд. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некашон милиёнҳо нафар ҳамдиёронро дар иҷрои рисолати ватандорӣ намунаи ибрат гаштааст. Омӯзаҳояшон авлавияти андешаи давлатмеҳвариро таъкид мекунанд ва ҳамчун чароғи раҳнамо насли наврасро ба эҳё ва таҳкими ормонҳои миллӣ ҳидоят менамоянд.

Мо итминони комил дорем, ки ҳар як маърӯза ва ҳар як сухани нишонраси устод дар тафаккури ҳамватанон инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамонро дар ҷодаи ватанпарварию давлатдорӣ бароварда месозад.

Ташрифи устод Абдуллоҳи Раҳнамо ба Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон барои ҷомеаи омӯзгорон ва донишҷӯёни ин даргоҳи илму ҳунар боиси ифтихору сарфарозист ва умре дар хотираҳои мо нақш хоҳад баст.