СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 18

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и  ноҳияи Ёвон яке аз муассисаҳои дурдасттарини ноҳияи Ёвон буда,  бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад.  Муассисаи мазкур дар маҷмуъ  285 нафар хонанда дошта,  тибқи  Амалиёти мазкур соати сиёсӣ санаи 30 апрели соли равон соати 11-00 бо иштироки 120 нафар хонандагони аз синни 12 то 17 сола баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Раҷабзода Алишер соати сиёсиро дар мавзуъи экстреимизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим баргузор намуд.

Коллективи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва хонандагони муассиса аз соати дарсӣ ва равиши он хушнудӣ намуда, онро ҳамчун як соати намунавӣ ва дар фазои озод арзёбӣ намуданд.