МУЖДАИ ПИРӮЗИИ ЗАФАРМАНДОНИ НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон субҳи имрӯз аз муждаи пирӯзии навбатии аҳли заҳмати ноҳия зери роҳбарии узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода дар самти сарбаландона иҷро гардидани нақшаи пахта хушнуду сарафроз гардидаанд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  имсол аҳли заҳмати ноҳия дар майдони 10162 га пунбадона кишт намуда, онро бо риояи ҳама талаботу меъёрҳои агротехникӣ парвариш намуданд. Заҳмати шабонарӯзӣ ва босамари деҳқонони соҳибтаҷриба буд, ки то рӯзи 7 ноябри соли 2023 ба нуқтаҳои қабул 23820 тонна дурри гаронбаҳо ворид гардида, дурнамои пахтасупорӣ ба миқдори 100 фоиз иҷро карда шуд. Ҳосили пахта ҳоло ҳам дар саҳро мавҷуд аст ва кишоварзон бо истифода аз боду ҳавои мусоид онро то кураки охирин ҷамъоварӣ хоҳанд кард.

Муждаи тиллои сафед муборак бошад,  аҳли заҳмати ноҳияи Ёвон!