СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №14

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия санаи 28 октябри  соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 –и ноҳияи Ёвон "Соати сиёсӣ" баргузор гардид.

Амалиёт бо иштироки директори муассисаи мазкур “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

Инчунин баъди суҳбати Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" бо як чанд омузгорони муассисаи номбурда суҳбатҳои озод гузаронид.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.