ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил карда мешавад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Дар ин радиф аз ҷониби ҷавонони фаъоли деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар ҳамаи самтҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ бо  маром идома дорад.

Санаи 29 октябри соли равон сокинони деҳаи мазкур ҳама дастаҷаъмона ба ҳашари умуми баромада, як гуша диёрро каме ҳам бошад обод созанд. Сокинони деҳа дар соҳили дарё барои бартараф кардани мушкилии сокинон ҳангоми об гирифтан аз дарё як нуқтаи обгири яъне зинапояи битони сохтанд.