МУМФАРШ НАМУДАНИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ ДЕҲА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои  Раиси муаззами  ҲХДТ, ҳидоятҳои  созандаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи  ҷашни   таърихии 35-солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ноҳияи  Ёвон  бо  вусъати  баланд идома дорад. Ин  иқдоми  созандагии  сокинон   дар  доираи  аксияи  ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо  саҳми  маҳал  амалӣ  карда  мешавад. 

Бо  ин  мақсад аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии 8-март деҳаи 8-Матри Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав  тасмим гирифтанд, ки зиёда аз 5 км метр роҳи мошингарди  дохили деҳаро бо паҳноии 4 метр пурра мумфарш намоянд.  Дар ҳашари  дастаҷаъмона  намояндагони  сохтори  ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбат анҷом доданд. Иқдоми сокинони ватандӯстидеҳаро намояндагони ноҳиявии ҳизб бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.