БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ АЗ ҶОНИБИ ҶАВОНОН

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо вусъати баланд идома дорад. Ин иқдоми созандагии сокинон  дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо саҳми маҳал амалӣ карда мешавад. 

Бо ин мақсад аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ширинчашмаи   деҳаи Ширинчашма Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аз ҷумла ҷавонон санаи 21 октябри соли равон ба ҳашари умуми баромада зери шиори Тозагии маҳал аз мо вобаста аст ҳудуди деҳаи мазкурро тоза намуда ҷуйборҳои обгузарро аз лойиқа тоза нмуданд.