Бо “Терроризм” ва “Экстремизм” – и ҷаҳонӣ бояд муборизаи беамон бурд

Ёвон: Андеша  

Имрўзҳо аз расонаҳои хабарӣ ва дар муошират дар баробари мавзуъҳои Ватан-Модар, истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, муқаддасоти миллӣ, ободонӣ, дастовардҳои илму техника  бештар истилоҳҳои “терроризм” ва “экстремизм” бархурдор мешавем. Ин ду ибора аз куҷо ба забони мо ворид гаштаанд?

“Терроризм” аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳм мебошад. Шахси террорист мехоҳад мақсаду маромашро бо роҳи зӯроварӣ , куштор, тарсу ваҳм амалӣ созад.

“Экстремизм” калимаи фаронсавӣ буда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ ва аз ҳад гузаштанро мефаҳмонад. Яъне шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравонаро дорост. Ҳеҷ гоҳ роҳи мусолеҳаомезро ихтиёр намекунад.

Ин гуна амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон чӣ дар сиёсат, илм, идеология, варзиш ба миён ояд. Яъне шахсиятҳои дорои чунин хислатҳо бо амалҳои экстремистиашон дар байни ҷомеа, давлат фитна ва ҷангу ҷудоӣ меандозанд.

Мутаассифона, терроризм ва экстремизм бештар дар ҷаҳони имрўза паҳн шуда истодааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрўз дар алоҳидагӣ пеши роҳи ин вабои асри ХХI  - ро гирифта натавониста истодаанд.

Шахсиятҳои алоҳида бо фармони хоҷагони худ аз бесаводӣ, ё паст будани дониши сиёсӣ, набудани ҷойҳои корӣ, паст будани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ё он давлат ва махсусан аз паст будани сатҳи маърифатнокии ҷавонони он истифода бурда, дар байни ҷомеа ҷангу низоъ андохта бо ин роҳ ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афканда, сохти давлатдориро заиф намуда, тамоми боигарӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ва қувваи арзони кории ин давлатҳоро аз худ менамоянд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳанд , ки мардуми давлатҳои ақибмонда босавод шуда, илму техникаашон тараққӣ намуда, дар бозори ҷаҳонӣ бо онҳо рақобатпазир бошанд.

Имрўз ҳар як шаҳрванди давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр аз ин обу хоки диёр шукрона намуда, дар ҷавоби ғамхориҳои Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гирди парчами нангу номуси миллӣ ва ваҳдати ягонаи давлатамон бештару зичтар ба ҳам омада, нагузорем, ки душманони берунаву дохила ба якпорчагии давлату миллатамон зиён расонанд.

Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб ҳар як шаҳрванд вазифадор аст пеш аз ҳама таълиму тарбияро дар оила дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” хуб ба роҳ монда, алоқаро бо мактабу муаллимон густариш дода, фарзандҳоро дар рӯҳияи илму маърифат тарбия намояд. Танҳо бо роҳи илму маърифат метавон пеши роҳи ин амалҳои номатлуби ҷомеа “Терроризм” ва “Экстремизм”- ро гирифт.

Гурезова Мавҷуда Алиакбаровна, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон