БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доира нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳо бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад.

Ин навбат дар муассисаи таълимии рақами 1-и ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Назурова Суман санаи 18 октябри соли равон бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур бароҳ монда шуд.

Дар рафти суҳбат аз ҷониби Назурова Суман иброз карда шуд, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд бинобар ин мебояд барои аз худ намудани илмҳои замона бештар кушиш намоянд ва аз техналогияи наву замонавӣ баҳравард гарданд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти нашаванд ва дар ободу зебо ва пешрафти ватани азизамон саҳми намоёни худро гузоранд.