ҶАВОНОН ИДОМАДИҲАНДАИ КОРУ ПАЙКОРИ ГУЗАШТАГОН

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доира нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникии ноҳия аз ҷониби намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар муассисаҳои мазкури ноҳия бо маром идома дорад.

Ин навбат санаи 18 октябри соли равон дар Литсейи касбӣ-техникии  ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб ва мутахассиси бахши омори Кумита Раҳмонзода Муҳаммад бо донишҷӯёни ин боргоҳи касбу ҳунар суҳбату вохӯрӣ ба роҳ монда шуд. Дар рафти суҳбат аз ҷониби меҳмонон  иброз карда шуд, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд бинобар ин мебояд барои аз худ намудани илмҳои замона бештар кушиш намоянд ва аз техналогияи наву замонавӣ баҳравард гарданд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти нашаванд ва дар ободу зебо ва пешрафти ватани азизамон саҳми намоёни худро гузоранд.