ҲАЁТИҶАВОНОН ВА САТҲИ ТАБЛИҒОТИ ВАТАНПАРАСТӢ

Ёвон: Вокуниш  

Дар шароити феълӣ тамоми сайёра оид ба амалу ҷараёнҳое, ки равияи марзнописандӣ ба худ гирифтаанд, андеша меронад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷањон нисбат ба ин падидаҳои нигароникунанда бетафовут нест.

        Масъалаи ҳаммарзии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва душвор назорат будани сарҳади кишвари мо бо ин давлати ҳамсоя вазъи сиёсии ватани моро дар ҳадди хеле ҳассос қарор дода, аз ҳар як  шахси худогоҳу ватандӯст ҳушёрӣ ва зиракии вижаро тақозо менамояд. Гузашта аз ин,таъсири бавосита ё бевоситаи ташкилотҳои террористию экстремистие, ки солҳои охир бо роҳи мағзшӯӣ баъзе ҷавонони камогоҳи кишвари моро ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Шарқи Наздик ҷалб менамоянд, нигаронӣ ва ташвишҳои дигареро ба бор меорад.

Имрўз мо аз худамон мепурсем, ки кадом сабабе боис гаштааст, то ҳамдиёрони мо бар арзишҳои миллию мазҳабии худ хати батлон кашида, аз баҳри Ватан ва падару модар гузашта фирефтаи ташкилотҳои ифротгаро мешаванд? Ҳамаи гап дар сари он аст, ки дастгоҳи таблиғотии чунин ташкилотҳо ҳадафмандона кор карда, насли наврасу камогоҳро боваъдаҳои пуч, бо пулу мол фиреб медиҳанд. Онҳо, ҳарчандки худро «ҳомии асили ислом» медонанд, боистифодаи таҳрифкорона аз Қуръону аҳодиси набавӣ, дунявиятро куфр эълом доштаанд ва куштани мусулмонҳоро иҷод медонанд.

Саволи матраҳ ин аст,ки чаро як нафар ё як ташкилот метавонад бо роҳу воситаҳои ғайримустақим шуури ҷавонони моро бо вазфҳои лофу ғазоф тағйир дода,онҳоро бо пайи худашон ба коми марг мебарад? Ё худ, чаро баъзе аз занону модарони мо ин қадар ба силсилафилмҳои туркӣ часпидаанду ба тарзи либоспӯшии ғайри миллӣ ин қадар завқ доранд?

Оё барномаҳои таблиғотии телевизиону радио, маводу мақолаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, ки ҳамагӣ таблиғи ватандӯстӣ мекунанд, ба гӯши ин тоифа намедарояд? Балки сабаб шояд дар ош неву дар мош бошад? Шояд баъзе таблиғгарони мо худ аслан ватандӯст нестанд ва  аз  ҳамин ҷињат сухани онҳо таъсир надорад?

Ман андеша мекунам, ки имрӯз замони «аз мо гуфтану аз шумо гӯш карда, амал намудан» гузаштааст. Мубаллиғони мо (аз мақомоти давлатӣ сар карда то кормандони соҳаи ВАО, зиёиёну муаллимон ва ходимони дину мазҳаб) бояд таъкидҳои Пешвои миллатро оид ба пешгирӣ аз экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб дақиқан дарк намуда, кору амали худро хеле огоҳона ва бо дарки баланди масъулият ба роҳ монанд. Натанҳо гуфтор, балки ҳар амалу кирдори мубаллиғон бояд садоқатмандона ва самимӣ бошад. Ба қавли

Дар ҷодаи тарбияи патриотӣ мушкилии дигар он аст, ки таблиғгарон танҳо аз усулҳои куҳнаву камтаъсир кор мегиранд. Мо фаромӯш мекунем,  ки асри ҳозир мисли асри гузашта нест. Имрӯз бояд сухан кутоҳ, самимӣ, воқеӣ нишонрас бошад. Агар як нафар журналист як соати расо тариқи телевизион баромад намуда, сулҳу осоиш, ватандӯстиро васф кунаду маърӯза хонад ҳам, он ҳеҷгоҳ таъсири як филми кӯтоҳметражи патриотӣ ё сужаи пуробуранги бадеиро, ки таблиғи сулҳу сафо мекунад, дошта наметавонад. Масалан, агар таблиғгарони худогоҳ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои филмсоз тақдири як нафар ҷавони навхатро, ки ба Сурия рафта, мубталои ҳазору як бало гаштааст, рӯи навор биёранду онро манзури насли наврас намоянд, метавонанд на даҳу на сад, балки ҳазорон нафарро аз роҳи каҷ ба ҷодаи рост биёранд. Филмҳои ҳуҷатӣ ва роликҳои таблиғотии кӯтоҳ низ дар ин самт нақши калон мебозанд.

Дигар ин ки, кормандони соҳаи идеология ва таблиғот бояд мунтазам дар миёни аолӣ пурсишҳои иҷтимоӣ (социологический опрос) анҷом дода, натиҳаи онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва дар асоси таҳлилҳои воқеӣ фаъолияти минбаъдаи худро роҳандозӣ намоянд. Хулоса, ҳама кор масъулиятро талаб мекунад, аммо таблиғгарон беш аз дигарон бояд масъулиятпазир бошанд. Аз ҳамин нигоҳ мехоҳам ин матлаби кӯтоҳи худро бо суханони Пешвои миллат, ки бояд шиори рӯз бошанд, ба анҷом расонам: «Танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд».

                                Расулов Ғолиб – мудири шуъбаи таблиғот ва

                  иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон