ҶАВОНОН БОЯД ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ МИЛЛӢ БОШАНД.

Ёвон: Андеша  

   Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа буда, аксарияти вақт зери таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ қарор мегиранд. Дар айни замон вақте, ки технологияҳои иттилоотӣ бо суръати баланд рушд мекунанд ҷавонон боз ҳам осебпазиртар шудаанд, зеро онҳо доимо дар фазои иттилоотӣ қарор доранд ва ба онҳо таъсир расонидани идеологияҳои экстремистӣ осон гаштааст.

Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба равияҳои ифротӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар дигар мамлакатҳо низ нишон медиҳанд, ки маҳз қишри ҷавон бештар ба онҳо рӯ оварда истодааст, ки боиси таасуфу ташвиш аст. Зеро вақте ифроту терроризм симои нав ба худ касб мекунанд, ин метавонад ба пояҳои амнияту суботи кишварҳо зарбаи сахт зада, паҳншавии ин равияҳои номатлубу харобиоварро қувват бахшанд. Истифодаи неруи ҷавонон дар амалӣ намудани ғояҳои хатарноки ифротӣ нишонаи костагӣ дар устувории мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии фаъолияти тамоми ниҳодҳои низоми сиёсиро тақозо менамояд.

Барои мубориза бурдан бо шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдбори дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бофарҳанг, бомаърифат, боҷасорат, меҳнатдӯст ва ватандӯст бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти асосии пешбурди ҷомеаи солим дар тамоми давру замонҳо ин қувваи асосии пешбарандаи он, ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор доштан аз марзу буми аҷдодӣ қарзи аввалиндараҷаи хонаводагӣ буда, ҳар фарзанди бо ноз дар ин руҳия тарбия намудаи хонавода, гаҳвораҷунбони сиёсат ва фарҳанги миллату давлат дар оянда хоҳад гашт. Дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон имрӯзҳо бошад, таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ҷавонон нақши муҳим дошта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин талошҳо возеҳу равшан ба назар мерасад. Бояд қайд намуд, ки Президенти маҳбуби мамлакат ба ин қишри ҷомеа боварӣ дошта, ба онҳо такя намуда мефармояд, ки “Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст”.

Суман Назурова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон