ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Саннаи 5 октябри соли равон дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон   ба ифтихори сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 5 октябр дар қаламрави Тоҷикистони ба хотири арҷгузоштан ба забони ноби тоҷикӣ  чорабинии идона доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд,  роҳбарияти муассисаи мазкур ва донишҷӯёни коллеҷи мазкур  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба забони модарӣ суханҳои нек иброз намуданд. Инчунин дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷи мазкур барномаи фарҳангии идона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.