БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “МАН БА ХИЗМАТИ ВАТАН МЕРАВАМ!”

Ёвон: Созандагони ватан  

Саннаи 2 октябри соли равон дар маркази ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда роҳпаймоии идона доир карда шуд. Дар роҳпаймоии идона раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, наояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи МИҲД вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар роҳпаймоии идона роҳбарони мақомотҳои қудратии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарбозони навдаъватшаванда, кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Роҳпаймоии идона аз назди Комиссариати ҳарбии ноҳия оғоз гардида то майдони назди бахши фарҳанги ноҳия идома кард. 

Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳангӣ ноҳия барномаи идонаи фарҳанги барои сарбозони навдаъватшаванда доир карда шуд..  Бояд гуфт, ки ҳамасола дар саросари кишвар ду маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Имсол низ дар даъвати тирамоҳии ҷавонон аз ноҳияи Ёвон зиёда аз 200 нафар ҷавонони далеру шуҷои ноҳия баъди хатми курси ронандагӣ дар назди ТҶ “Мададгори мудофиа” ихтиёран ба сафи Артиши миллии ватани азизамон сафарбар карда шуданд.