ОРОМГОҲИ МАҲАЛРО ОБОД МЕКУНЕМ!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо намудани оромгоҳи маҳал, ки яке аз маконҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» имрӯз дар оромгоҳи деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Норин ҳашари умумӣ баргузор гардид.

Аҳолии деҳаи Наврӯз  дастаҷамъона ба ҳашар баромада, оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза намуданд. Ҳизбиёни ноҳия ташаббуси мардуми маҳалларо дар татбиқи корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастгирӣ ва татбиқи Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ" дар сатҳи маҳал шоиста арзёбӣ намуданд.