ОРОМГОҲ МАКОНИ ҶАМЪИЯТӢ АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» имрӯз дар оромгоҳи деҳаи Бош-Қайнари ҷамоати деҳоти Норин ҳашари умумӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯз аҳли деҳа дастаҷамъона ба ҳашар баромада, оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Пас фардо, ки Иди Саиди Фитр аст, яке аз фазилатҳои неки мардуми мусалмон зиёрати оромгоҳҳо мебошад.  Ҳамзамон, ба оромгоҳ зиёда аз 2 километр об оварда шуд. Ҳизбиёни ноҳия ташаббуси мардуми маҳалларо дар татбиқи корҳои созандагию бунёдкорӣ шоиста арзёбӣ намуданд.