РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЗАФАР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби сокинон ва  фаъолони ҲХДТ  барои тозаву озода намудани қабристонҳо, дар партави  Иди Саиди Фитр, амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месоземяк қатор маҳаллаҳо ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳҳоро тозаву озода намуда, дар даромадгоҳҳо гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинониданд.                                                                                     

Ҳамзамон, дар назди оромгоҳи деҳаи Зафари  ҷамоати деҳоти Норин бо ҷалби фаъолони ҷомеа ва сокинон  ҳашари мазкур ташкил гардида, оромгоҳи деҳа пурра тоза гардида, бехи дарахтон нарм карда шуд. Ҳамзамон дар роҳрави оромгоҳи мазкур 10 курсиҳои замонавӣ сохта насб карда шуд.