ВАКИЛОНИ ҲИЗБӢ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ҲХДТ-РО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилону шахсони хайрхоҳ илҳоми тоза гирифта, дар ҳар гӯшаву канори кишвар корҳои хайру сахоро роҳандозӣ мекунанд. Чунин як иқдоми хайрхоҳона ва индӯстона аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Ғафорзода Абдурасул дар доираи Барномаи пешазинтихоботии хеш барои солҳои 2020-2025 амалӣ гардид, ки дар рафти он ба  оилаҳои ниёзманд кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иқдоми вакили ҳизбиро дар сатҳи маҳал  бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.