САХОВАТМАНДӢ АМАЛИ ИНСОНИ НАКӮКОР АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилону шахсони хайрхоҳ илҳоми тоза гирифта, дар ҳар гӯшаву канори кишвар корҳои хайру сахоро роҳандозӣ мекунанд. Чунин як иқдоми хайрхоҳона ва индӯстона аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Ғафорзода Абдурасул дар доираи Барномаи пешазинтихоботии худ барои солҳои 2020-2025 амалӣ гардид, ки дар рафти он ба 300 оилаҳои ниёзманди ҳудуди ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иқдоми вакили ҳизбиро дар сатҳи маҳал  бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.