БУРДАНИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ТАШВИҚОТИ МИЁНИ ҶАВОНОН

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникии ноҳия санаи 28-уми сентябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии Касбомӯзии Литсейи касбӣ-техникии ноҳия бо донишҷӯёни муассисаи мазкур вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб, мутахасиси бахши омори Кумита Раҳмонзода Муҳаммад ва директори муассиса Файзализода Сиёвуш иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ Расулов Ғолиб иброз намуд, ки ҷавонони мо имрӯз бояд аз пештара дида ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамзамон вобаста ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешронӣ намуданд.