СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ВАКИЛИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз ҳадафҳои калидии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин сиёсати иҷтимоӣ ва инсондӯстона мебошад, ки доимо аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад. Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилону шахсони хайрхоҳ илҳоми тоза гирифта дар ҳар гушаву канори кишвар корҳои хайру сахоро роҳандозӣ мекунанд. Чунин як иқдоми хайрхоҳона ва индӯстона аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Ғафорзода Абдурасул дар доираи Барномаи пешазинтихоботии худ барои солҳои 2020-2025 амалӣ гардид, ки дар рафти он ба 300 оилаи ниёзманди ҳудуди ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.