ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Ёвон: Андеша  

Забони тољикї њамчун рукни муњимтарини фарњанги миллї дар давоми 32 соли Истиќлолияти давлатии кишвар бањри эњёи давлатдории тољикон, баќои миллат, тањкими њисси миллї ва ифтихори ватандории ањли кишвар омили муњим гардид ва дар радифи омилњои дигар дар амри пояндагиву устувории Истиќлолияти давлатї хизмати арзишманд кард.

Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар чорабинии тантанавї бахшида ба љашни Истиќлолияти давлатии кишвар рўзи 8 сентябри соли 2010 оид ба маќоми забони давлатї андешаронї карда, аз љумла ќайд намудаанд, ки: «Забони тољикии мо, ки замоне бо он сари минбарњо сухан гуфтан ќариб аз миён рафта буд, имрўз аз минбари баланди Созмони Миллали Муттањид ва дигар созмонњои байналмилалї баланд садо медињад ва чун пайки сулњу дўстию вањдат дар аќсои олам парвоз мекунад. Пас ѓамхории давлатї ва умумихалќї ба чунин як забони куњану пурмуњтаво, нобу шево ва лафзи гавњарбори модарї барои њар кадоми мо - соњибони он њам фарз њасту њам суннат».

Воќеан, забон на танњо рамзи баќои миллат, балки яке аз нишонањои давлати мустаќил низ мањсуб меёбад ва, аз њамин нигоњ, ба њифзи пайвастаи давлат ниёз дорад.

Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади рушди бонизоми забони давлатї мунтазам тадбирњои судманд меандешад, ки яке аз онњо ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатї» ва таъсиси Комиссияи татбиќи Ќонуни забон мебошад.

Њадаф аз ќабули Ќонуни зикршуда ва барномањои дар ин самт тасдиќгардида љорї намудани меъёрњои забони давлатї дар њама бахшњои њаёти сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангии кишвар мебошад ва бояд гуфт, ки чорањои дар ин самт андешидашуда тайи солњои соњибистиќлолии мамлакат барои вусъат ёфтани забони давлатї дар њаёти иљтимоию сиёсии кишвар мусоидати фаъол намудаанд.

Имрўз мо бояд кўшиш намоем, ки забони худро ба забони фарогири корї ва муошират, яъне ба забоне, ки љавобгўи њамаи ниёзњои даврони истиќлол ва давлати мустаќил бошад, табдил дињем.

Рушди забон ва такомулу тараќии он ба соњибони забон ва дар навбати аввал ба адибону эљодкорон, хабарнигорони воситањои ахбори омма, омўзгорон ва коргузорону њуљљатнигорони идораву корхонањо вобастагї дорад.

Аз ин лињоз, бояд эљодкорон аз хазинаи бойи луѓавии забони тољикї истифода карда, асарњоеро рўи кор оваранд, ки равону шево ва ба забони мардум наздик бошад. Омўзгорони фанни забони тољикї усулњои муосири таълимро мавриди корбарї ќарор дода, њар чї бештар барои инкишоф додани нутќи хаттї ва шифоњии шогирдон саъю талош намоянд.

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозї ва пойдевори вањдати љовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соњиби сазовор, вориси бонангу ор ва посдори забони модарї, забони халќи тамаддунсоз ва куњанбунёди худ бошем.

Расулов Ғолибҷон -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон