Ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ  ва ҳадафҳои онҳо

Ёвон: Вокуниш  

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Сарқонуни давлат, Кодекси ҷиноятӣ, қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи экстремизм” ташкил медиҳанд.

Истилоҳи “Терроризм” (аз калимаи лотинии “terror”) сарчашма гирифта, маънояш “Тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Терроризм ва ифротгароӣ ё худ эктремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хуруҷи терроризм ба охири асри 19 рост меояд.

Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда дар қарни 20, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккури шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, “терроризми сиёсӣ” ном гирифтааст. Ин террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард ва сохтори иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонанд, чун Италия, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давраҳо ташкилотҳои террористии “Красные бригады”, “Фраксия Красной Армии”, “Японская Красная Армия” ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакатҳои худро ноором месохтанд. Амалҳои террористии ин ташкилотҳо аз намуди террори инқилобии Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд. Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима оварданӣ аҳолӣ буд.

Ин раванд дар Тоҷикистон низ истисно набуд ва мхсусан солҳои 90 қарни гузашта ривоҷу равнақ ёфт. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти ба амал омада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайри имкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зуроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Аз ин ҳолат намояндагони ташилотҳои террористию экстремистӣ аз ҷумла аъзоёни ҲНИТ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб менамуданд. Онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебурданд.

Дар солҳои қабул гардидани ин қонун, яъне дар соли 1999 фаъолияти террористӣ ва  эктремистии созмонҳои “Ал- Қоида”, “Ҳаракати толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ва дар қатори онҳо ҲНИТ ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасониданд.

Дар ин замина бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстемистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Суман Назурова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон