ГИРИФТАНИ ДАСТИ НИЁЗМАНДОН БЕҲТАРИН ФАЗИЛАТИ ИНСОНӢ АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар идомаи сиёсати инсондӯстона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону шахсони эҳсонкор пайваста ба сӯйи ниёзмандон дасти ёрӣ дароз менамоянд. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва дастгирии соҳибкори хайрхоҳ Зиёев Шуҳрат ба бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи "Умед" ба 43 нафар кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расониданд. Ҳизбиёни ноҳия иқдоми саховатмандонаи соҳибкори ноҳияро шоиста ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.