ДАР РОСТОИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ҲХДТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва дастгирии соҳибкори муваффақ Зиёев Шуҳрат дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бошандагони муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия 120 адад пояфзоли тобистона кумак расонида шуд. Иқдоми мазкур дар моҳи мубораки Рамазон сурат гирифта, соҳибкори ноҳия аз ҳисоби закоти мол ба суйи ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намуд, зеро ки корҳои хайру саховат беҳтарин фазилати инсонӣ аст.