ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар ин самт як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

Аз ҷумла, дар доираи баргузории нақшаи мазкур санаи 9 сентябри соли равон бо ташаббуси ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар қисми низомии 6593-и ноҳия барои сарбозони қисми низомии мазкур чорабинии идона доир карда шуд. Дар ин радиф аз ҷониби сохтори  ноҳиявии ҲХДТ барои сарбозони қисми низомии мазкур дастархони идона ороста шуда, барои сарбозон хуроки нисфирӯзи низ омода карда шуд.