КУМАКИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯ БА ҚИСМИ НИЗОМИИ 6593-И НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар ин самт як қатор корҳо ба сомона расонида шуд. Аз ҷумла дар доираи баргузории нақшаи мазкур санаи 9 сентябри соли равон бо ташабуси ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар қисми низомии 6593-и ноҳия барои сарбозони қисми низомии мазкур чорабинии идона доир карда шуд. Дар ин радиф аз ҷониби сохтори  ноҳиявии ҲХДТ барои сарбозони қисми низомии мазкур як миқдор маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.